Муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Суғд дар Москва

20.04.2026 19:56

20 апрели соли 2026 сафир Д. Гулмаҳмадзода дар намоиши молу маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маркази конгрессии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.

Зимни баромади худ, сафир оид ба ҳолати ҳамкориҳои иқтисодӣ тиҷоратии дуҷониба маълумот дода, нақши робитаҳои байниминтақавиро дар устувор шудани ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Россия муҳим донист. Имкониятҳои васеи сармоягузорӣ, махсусан дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъкид шуда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароити мавҷуда васеъ истифода баранд.

Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Владимир Падалко, узви Шӯрои Федератсия ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg