10 апрели 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Ҳюн масъулини аршади нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея ба аҳаммияти баргузории нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои бисёрҷонибаи муфид миёни кишварҳои қолаби мазкур, таъкид кард.
Зимни суҳбат муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар мавзуъҳои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Кореяро, аз ҷумла дар чорчӯби қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”, матраҳ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan