Вохурӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея

10.04.2026 10:06

10 апрели 2026 зимни иштирок дар ҷаласаи масъулини аршад барои омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, муовини вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея хонум Ий Ҳэ Сисилиа Чон мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ карданд.

Ҳамсуҳбатон ҳамчунин роҷеъ ба омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg