Ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ

03.04.2026 23:23

3 апрели соли 2026 дар Москва таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод зиёда аз 17 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Инчунин дар доираи чорабинии мазкур Форуми байналмилалии иқтисодии Иттиҳод баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии он иштирок намуд.

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Москва ба нақша гирифта шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg