Аз 25 то 29 марти соли 2026 аз ҷониби Хадамоти консулии Сафорат дар шаҳри Краснодар барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии сайёри консулӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Белореченск, Уст-Лабинск, Кропоткин, Армавир, Тихоретск, Тимашевск, Ставропол, Майкоп, Пятигорск, Ростов на Дону ва дигар минтақаҳои наздик иқомат мекунанд, қабул гардида, ба онҳо хизматрасониҳои дахлдори консулӣ расонида шуд.
Ҳамзамон, дар доираи ин сафар 26 марти соли 2026 кормандони Хадамоти консулии Сафорат аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақаи Краснодар боздид намуда, бо роҳбарияти ин муассиса ва шаҳрвандони кишвар суҳбатҳо анҷом доданд.
Қобили қайд аст, ки хизматрасонии сайёри консулӣ ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия мунтазам ташкил карда шуда, он пеш аз ҳама барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дастрасии васеи онҳо ба хизматрасониҳои консулӣ нигаронида шудааст.