Вохӯрӣ бо Сафири Ирландия

31.03.2026 22:36

31 марти соли 2026 вохӯрии Сафир бо Сафири Ирландия дар Федератсияи Россия Ҷулиан Клэр доир гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ирландия дар соҳаҳои гуногун табодули назар намуда, инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро дар сиғаи дуҷониба ва доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон Сафири Ирландия иштироки ҳайати кишвари худро дар Конфронси минтақавии навбатии сатҳи вазирони кишоварзии “UN FAO” барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки аз 11-15 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, тасдиқ намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg