Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Москва

20.03.2026 21:38

19 марти соли 2026 бо ташаббуси Сафорат ва иштироки ҳамватанон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо тантана таҷлил гардид.

Роҳбари Намояндагӣ оид ба ҷашни бостонии Наврӯз сухан намуда, аҳамияти онро барои таҳкими худшиносӣ ва ифтихор аз таърихи бойи миллати тоҷик, ки ба дигар тамаддунҳои ҷаҳонӣ таъсири созанда расонидааст, таъкид намуд. Қайд намуд, ки таҷлили Наврӯз ҳанӯз аз оғози пайдоиш то ба имрӯз, яке аз бузургтарин оини мардумӣ дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсола ҳуввияти таърихиву фарҳангии худро нигоҳ доштааст.

Ҳамзамон, дар макони чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳанги тоҷикон” маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба монанди сангҳои нодири ороишӣ, маҳсулоти чӯбин, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзию сӯзаниҳо ва ғайра ба намоиш гузошта шуд. Гӯшаи рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз - “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” низ омода гардид.

Дар доираи чорабинӣ инчунин барномаи консертӣ ва театрӣ, ки ба иди Наврӯз бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg