/АМИТ «Ховар»/. 16 март дар шаҳри Москва ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев сухан гуфтанд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми IX байнипарламентии «Тоҷикистон — Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.
Дар идома масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом аз рӯи ҷаласаи понздаҳуми Комиссия қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.