Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия

23.01.2026 19:07

23 январи соли 2026 ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорат баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир шуда, дар кори он консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва дигар ҳамватанони муқим иштирок карданд.

Зимни суханронии хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки нақши аъзои Шуро, созмонҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳанги тоҷикистониён дар таҳкими ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, мусоидат ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, ҳамватанони бурунмарзӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои милливу давлатӣ, фарҳангию таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихории миллӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия зиёд аст.

Зимнан аз аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияташонро дар минтақаҳои будубош тақвият дода, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи ҳайёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон кӯшиш намоянд.

Ҳамзамон аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву  созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъол бошанд.

Дар фарҷом фаъолони Шурои ҷамъиятии назди Сафорат бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg