Вохӯрии вазири маориф ва илми Точикистон бо донишҷӯён

10.12.2025 10:00

10 декабри соли 2025 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии шаҳр ва вилояти Москва таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар вохӯри президенти Донишгоҳи мазкур В. Филиппов ҳузур дошт.

 Дар рафти мулоқот Р. Саидзода дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ сӯҳбат ороста, ба вижа дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон таъкид намуд.

Аҳаммияти касби интихобкардаи донишҷӯён барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва бунёди низоми муассири иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ бо ҷалби мутахассисони ҷавони баландихтисос ба кор қайд карда шуд.

Ҳамзамон дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg