10 декабри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Португалия дар Федератсияи Россия Сара Мартинс мулоқот доир намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Португалия дар соҳаҳои гуногун табодули назар намуда, инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
