Ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Парлумонии СААД

08.12.2025 18:12

8 декабри соли 2025 дар Москва ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми пленарии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзали Идизода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили муҳими рӯзномаи Созмон дар марҳилаи муосир мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа намояндагони парлумони Чин ва Эрон ба ҳайси меҳмон даъват гардида буданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg