4 декабри соли 2025 мулоқоти Сафир бо муовини раиси Шурои Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россияро дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои минтақавӣ, муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои муҳоҷират, инчунин ворид гардидани тағйиротҳои охирин ба қонунгузории Федератсияи Россия дар ин соҳа таваҷҷуҳ намуданд.