Ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии ИДМ

05.12.2025 18:10

5 декабри соли 2025 дар Москва таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид.

Дар зимн роҳбарони ҳайатҳо дар сиғаҳои маҳдуд ва васеъ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории иқтисодӣ дар ҳавзаи ИДМ табодули афкор намуданд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод 17 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳо бомуваффак анҷом ёфтани раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шурои иқтисодии ИДМ дар соли 2025-ро таъкид намуда, натиҷабахш будани онро махсус қайд карданд. Раёсат дар Шурои иқтисодии ИДМ дар соли 2026 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон мегузарад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg