Муаррифии китобҳои Пешвои миллат

04.12.2025 06:58

4 декабри соли 2025 дар Москва маросими супоридани ҷоизаи XXII Озмуни байналмилалии давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” зери муаллифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номинатсияи “Гуфтугӯи фарҳангҳо” сазовори ҷойи аввал гардид.

Ба ин муносибат дар Сафорат бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Давлат Сафар чорабинии тантанавӣ бахшида ба муаррифии китобҳо, аз ҷумла «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ва “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯии тамаддунҳо” доир шуд.

Дар чорабинӣ кормандони Сафорат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар Россия, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯён ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ, Сафир - Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қайд намуд, ки муаррифии китобҳои «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ва “Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки чандин бо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд,  иқдоми муҳим дар самти баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ, фарҳангу тамаддуни бойи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

Дар навбати худ, Д. Сафар доир ба аҳамияти таърихию фарҳангии китобҳои Пешвои миллат андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар он таърихи бисёрасраи халқи тоҷик, мероси бойи фарҳангӣ, инчунин марҳилаҳои асосии тақдирсоз дар таърихи миллат таҷасум гардида барои ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg