Машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия

02.10.2025 18:50

2 октябри соли 2025 дар шакли маҷозӣ машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо ВАО дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбутаи мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Россия баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт, бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карда, дар мавриди идомаи тамосҳои мунтазам ба мувофиқа расиданд.

Машваратҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg