19-20 сентябри соли 2025, кормандони масъули Хадамоти консулии Сафорат бо мақсади баргузор намудани вохӯрӣ бо шаҳрвандон, мусоидат дар ҳалли мушкилот ва расонидани хизмати консулӣ барои онҳо ба шаҳри Краснодар сафарбар гардиданд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар кишвари иқомат маълумот дода шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳуҷҷатҳои худро сари вақт ба расмият дароварда, дар асоси ҳуқуқӣ иқомат ва фаъолият намояд.
Сафари сайёрии кормандон маҳз ба минтақаҳое ташкил мешаванд, ки бо сабабҳои набудани хатсайрҳои мустақим ва шароити молиявии омодани шаҳрвандонро ба шаҳри Москва мушкил менамояд, ташкил гардида, ҷиҳати мусоидат ба раванди қонунигардонии будубоши онҳо дар кишвари иқомат амалӣ карда мешавад.
Зимни қабули кормандони масъули консулӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Белореченск, Уст-Лабинск, Кропоткин, Армавир, Тихоретск, Тимашевск, Ставропол, Майкоп, Адигея ва дигар минтақаҳои наздики Краснодар иқомат мекунанд, муроҷиат намуда, бо хизматрасониҳои дахлдори консулӣ таъмин гардиданд.
