Мулоқоти Сафир бо Губернатори минтақаи Приморск

15.08.2025 14:58

15 августи соли 2025 дар шаҳри Владивосток дар ҳошияи сафари корӣ ба минтақаи Приморск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори минтақаи Приморск Олег Кожемяко баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Приморск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба таври хоса қайд гардид, ки иштироки мутақобилан фаъоли ҷонибҳо дар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва минтақаи Приморск ба монанди Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2025» ва Форуми иқтисодии Шарқӣ (ВЭФ) танзимшаванда, барои таҳкими тамосҳои иқтисодию сармоягузории онҳо мусоидат мерасонад.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақа таваҷҷуҳ намуданд.

Ҳамсуҳбатон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо таъкид намуданд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg