17 июли соли 2025, бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомоти дахлдори кишвари иқомат 2 нафар ноболиғон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон, ба кишвари иқомати доимиашон ба Ватан баргардонида шуданд.
