8 июни соли 2025 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (ДДМБМ) бахшида ба Рӯзи Россия Ҷоми XXIV Ректори ДДМБМ оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Дастаи Сафорат ҷойи аввалро дар миёни 29 дастаи намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Москва, Вазорати корҳои хориҷии Россия, кормандони Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Москва, инчунин дастаи сарпарасти мусобиқа "Снегири" ишғол намуд.
Қобили зикр аст, ки дастаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин комёбӣ маротибаи ҳаштум ғолиби Ҷоми мазкур гардид.