Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Қазон

05.06.2025 19:06

4 июни соли 2025 дар доираи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бори аввал дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон барномаи гала-консертии ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Обид ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тотористон И.Аюпова иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар асоси шарикии мутақобилан судманд ва баробарҳуқуқ таҳким ёфта, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра бомуваффақият рушд меёбад. Аз ин рӯ, равобити фарҳанги миёни ду кишвар ҷойи хосаро ишғол менамояд.

Дар маъракаи фарҳангии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои консулӣ, доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанг, ВАО-и ин минтақа ва дигар шахсони расмӣ, инчунин ҳамватанон ва донишҷӯёнамон ҳузур доштанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи рӯзҳои фарҳангии кишвар дар саҳни Театри давлатии академии ба номи Галиасғар Камал ҳунарҳои мардумии кишварамон ба намоиш гузошта шуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg