Аз 2 то 6 июни соли 2025 дар Федератсияи Россия Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор мегардад.
2 июн мусаввараҳои рассомони боистеъдоди муосири Тоҷикистон зери унвони “Зебогии Тоҷикистон: мерос барои оянда” ки таҷассумгари дунёи зебоӣ ва хирадманди мардуми тоҷик, инчунин манзараҳои нотакрори табиати кишварамон мебошад, дар Маҷмааи музей-намоишгоҳи Академияи рассомони Россия ба намоиш гузошта шуд. Намоишгоҳи мазкур то 5 июни соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Сатториён, вазири фарҳанги Федератсияи Россия О.Любимова, муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Н.Журавлёв, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Маросими тантанавии кушодашавии Рӯзҳои фарҳангӣ дар Театри калони Россия (саҳнаи нав) бо ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии гурӯҳҳои ҳунармандони Тоҷикистон танзим гардид.
Дар чорабинӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ ва роҳбарияти вазорату идораҳои Федератсияи Россия, роҳбарони корпуси муқими дипломатии кишвари иқомат, доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи маҳалӣ, инчунин ҳамватанони муқими Россия ва донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Ба ҳайси меҳмони фахрӣ аз ҷониби Федератсияи Россия муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Николай Журавлёв иштирок дошт.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири фарҳанги Федератсияи Россия суханронӣ намуда, меҳмононро ба ин чорабинии муҳими фарҳангӣ барои ду кишвар хайра мақдам гуфтанд.
Сипас, барномаи консертии гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар саҳна навои дилнишину маъруфи классикӣ ва муосири миллӣ дар жанрҳои гуногун садо дода, барандагони озмунҳои байналмилалӣ, ҳунарпешаҳои халқӣ ва хизматнишондода, овозхонҳои маъруфи эстрадӣ ва навозандагони асбобҳои мусиқӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия идома дошта, дар доираи он рӯзи 4 июн дар Театри давлатии академии ба номи Галиасгар Камоли шаҳри Қазон консерти ҳунарӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор мегардад.