Баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ ба Ватан

23.05.2025 22:07

23 майи соли 2025, бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомоти дахлдори кишвар 5 нафар ноболиғон-шарҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон ба Ватан, баргардонида шуданд.

Бояд қайд кард, ки аз аввали соли 2025, бо ҳамин тартиб 25 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздиконашон бозпас гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg