Аз 19 то 21 майи соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми XIII байналмилалии ҳуқуқии Петербург баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён ширкат варзиданд. Дар Форум ҳайати кишвар инчунин раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори генералӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, рушди ҳамкории ҳуқуқӣ байни давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ёрии ҳуқуқии ройгон дар таҷрибаи байналмилалӣ, мушкилоти татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои бузурги байналмилалию миллӣ, ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ, рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳое буданд, ки дар доираи Форум муҳокима шуданд.