Ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ

20.05.2025 21:58

20 майи соли 2025 дар бинои Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ш. Москва ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ таҳти раёсати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндаи ваколатдори кишвар дар Комиссияи зикршуда Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.

Дар зимн тарафҳо беш аз 15 масъалаи рӯзномаи ҷаласа, ки самтҳои мухталифи равобити бисёрҷонибаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мубрами тарафайн танзим менамояд, баррасӣ намуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg