16 майи соли 2025 дар ҳошияи Форуми XVI байналмилалии иқтисодӣ “Россия ва кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ” - KazanForum 2025 ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Россия баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагону вазорату идораҳо, корхона ва ширкатҳои давлатию хусусии ду кишвар, инчунин намояндаи Сафорат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштироккунандагон оид ба дастовардҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақшаҳои ояндаи ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузориро байни Тоҷикистон ва Россия муҳокима намуданд.
Форуми байналмилалии иқтисодӣ “Россия ва кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ” - KazanForum 2025 дар Ҷумҳурии Тотористони Россия идома дорад.