Аз 13 то 18 майи соли 2025 дар Қазон Анҷумани XVI байналмилалии иқтисодӣ “Россия ва кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ” - KazanForum 2025 баргузор шуда истодааст.
Дар кори Форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.
KazanForum ба заминаи муҳими муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо ва табодули таҷрибаи пешқадам байни кишварҳои иштироккунанда табдил ёфтааст.
Дар доираи Форум, инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ пешбинӣ шуда, дар Фестивали фарҳангҳои шарқӣ ва Мусобиқаи байналмилалии футбол барои кӯдакон “Ҷоми Шарқ” иштироккунандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.