Мизи мудаввар оид ба саҳми халқи тоҷик дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

06.05.2025 10:01

5 майи соли 2025 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ба муносибати фарорасии Рӯзи Ғалаба дар Муассисаи буҷетии давлатии шаҳри Москва “Хонаи миллатҳои Москва” мизи мудаввар дар мавзуи: “Саҳми халқи тоҷик дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои (1941 -1945)” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори Россия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Намояндаи Сафорат суханронӣ намуда, оид ба нақши тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. Қайд гардид, ки саҳми ҶШС Тоҷикистони ва аҳолии он дар майдони ҷанг ва оқибҳо барои мағлуб намудани фашизм назаррас буд.

Дар идомаи нишаст инчунин доираи илмии кишвари иқомат, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ва дигарон дар бораи фоҷиаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945, саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба дар муҳорибаҳои ҷангӣ ҷасорату шуҷоъат ва қаҳрамонии онҳо дар набардҳо зикр намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон намоиши аксҳо ва барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби диаспораи тоҷикон ва донишҷӯён бо дастгирии Сафорат омода шуда буд, пешниҳод гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg