Конфронси илмӣ-байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ

28.04.2025 22:44

11 июни 2025, қароргоҳи ЮНЕСКО

7 Place de Fontenoy, 75007 Париж, Фаронса

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ зери унвони “700 сол бо Ҳофиз”-ро эълон мекунанд. Аз ҳамаи пажуҳишгарону донишмандон даъват мекунем дар ин конфронс ширкат варзед ва мақолаҳои хешро пешниҳод намоед.

Ҳадафи конфронс: омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ.

Мавзуъҳои конфронс:

1. Ҳофизи Шерозӣ – шоир, файласуф ва ориф;

2. Зарурати шинохти осори адабии Ҳофиз;

3. Ҳофиз ва таъсири эҷодиёти ӯ бар фарҳангҳои ҷаҳонӣ;

4. Ҷойгоҳи инсони озодманиш дар ашъори Ҳофиз;

5. Арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳофаринӣ ва таҳаммулпазирӣ дар эҷодиёти Ҳофиз;

6. Даъвати Ҳофиз ба маҳви хурофоту таассуби динӣ;

7. Тараннуми дӯстӣ дар ашъори Ҳофиз;

8. Ниёзҳои ҷаҳони имрӯз ба дарки андешаҳои Ҳофиз;

9. Вижагиҳои мумтози ашъори Ҳофиз аз назари мунаққидони адабӣ ва фалсафӣ;

10. Нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, махсусан шашмақом;

11. Панди Ҳофиз ҳидоятгари инсонҳо ба сӯи камолоти маънавӣ.

 

Забонҳои кории конфронс: форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ. Талабот барои мақолаҳо:

* Ҳаҷми мақолаҳо якҷоя бо феҳристи манобеъ то 6000 калима;

* Маълумот дар бораи муаллиф: ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, ҷойи кор, вазифа, нишона, шумораи телефон ва суроғаи электронӣ;

* Мақолаҳо бояд дар шаклҳои MS DOC ва PDF пешниҳод шаванд;

* Муҳлати ниҳоии пешниҳоди мақолаҳо ва/ё баромади видеоӣ: 15 майи 2025;

* Давомнокии суханронӣ барои иштирокдорони маҷозӣ: 5 дақиқа.

 

Нишона барои пешниҳоди мақолаҳо:

unesco@mfa.tj

rudaki1993@yahoo.com

rudakiacademy.org

Мақолаҳои интихобшуда дар маҷмуаи мақолаҳо ва нашриёти махсуси конфронс чоп хоҳанд шуд.

 

Телефон барои тамос:

+992 37 2216001

+992 37 2277516

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg