10 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии техникии мошинсозӣ ва роҳи автомобилгарди Москва (МАДИ) фестивали анъанавии «Кишвари ман» - ҷашни дӯстӣ, фарҳанг ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки донишҷӯён ва меҳмононро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ овард.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони мақомоти соҳавии Россия ва корпуси муқими дипломатӣ, инчунин донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Москва таҳсил мекунанд, иштирок карданд.
Фестивали мазкур, ки ба як ҷузъи муҳими ҳаёти донишгоҳ табдил ёфтааст, бори дигар аҳамияти худро дар таҳкими робитаҳои донишҷӯёни миллатҳои гуногун, ҳифзи арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ ва ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба фаъолияти МАДИ таъкид намуд.
Баъд аз қисми расмии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик ва Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар ин Донишгоҳ таҳсил мекунанд, ҳозиринро бо фарҳангу санъати волои халқи тоҷик шинос намуданд.