Баргардонидани шаҳрванди ноболиғ ба Ватан

11.04.2025 11:30

10 апрели соли 2025, бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомоти дахлдори кишвар шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бепарастор монда буд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон ба Ватан, бозпас гардид.

Бояд қайд кард, ки аз аввали соли 2025, 17 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Созишномаи мазкур ба наздиконашон баргардонида шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg