9 апрели соли 2025 дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Калининград мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Директори филиали Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (РАНХиГС) Михаил Плюхин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба омода кардани мутахассисони баландихтисос, роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони тоҷик табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.
Пас аз анҷоми мулоқот бо М. Плюхин, суҳбати Сафир бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Калининград таҳсил менамоянд, доир гардид.
Дар рафти мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.
Д. Гулмаҳмадзода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ шуда, дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои минбаъда муайян гардиданд.
Инчунин, сафир доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, эълон гардидани солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, инчунин мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.
Ҳамзамон, Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла аз ҷониби СММ эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумот дод.
Дар идомаи суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия бо истифода аз фурсат ба таваҷҷуҳи донишҷуён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда бамаврид истифода баранд.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ ба донишҷӯён тавсия дод, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Калининград, мулоқоти Сафир бо курсантҳои тоҷик, ки дар Донишкадаи сарҳадии Хадамоти федералии амниятии Россия таҳсил мекунанд, баргузор гардид.