8 апрели соли 2025 дар доираи сафари корӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Калининград Алексей Беспрозванних мулоқот кард.
Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат, маориф, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Дар зимн, ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград ибрози назар намуданд.