Дар Федератсияи Россия таҷлили Наврӯз 2025 идома дорад. Дар ҳамин радиф, 6 апрели соли 2025 дар толори консертии “Live Арена”-и шаҳри Москва консерти тантанавӣ бахшида ба ин ҷашни баҳорӣ бо иштироки санъаткорони маъруфи тоҷик, аз қабили Далер Назаров, гурӯҳи “Шамс”, Фаррух Ҳасанов, Мадина Акназарова ва намояндагони Маркази фарҳангии тоҷикон дар ш. Москва баргузор гардид.
Консерти мазкур бо дастгирии Сафорат аз ҷониби ташкилоти “Базм” ва таҳти сарпарастии ширкатҳои ватанӣ “Сиёма”, “Арвиз” “Гурӯҳи 55” ва “Васл” танзим гардида, дар он ҳамватанон, шаҳрвандони кишвари иқомат ва намояндагони кишварҳо ҳавзаи Наврӯз ба ҳайси тамошобин иштирок намуданд.