3 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва 25-солагии таъсисёбии Ташкилоти заминавии кор бо забонҳо ва фарҳангҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти дахлдори Россия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла нависандагон, олимону муҳаққиқон, омӯзгорони муассисаҳои олии кишварҳои иштирокдори ИДМ, инчунин намояндагони корпуси муқими дипломатӣ, диаспораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар назди ҳозирин, ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева суханронӣ кард. Ректор бо ифтихор дар бораи Маркази забони тоҷикӣ ва фарҳанг, ки дар Донишгоҳ аз соли 2013 фаъолият дорад, гуфта гузашт. Муҳимияти омӯзиши забон ва фарҳанги давлатҳои дӯст ва бародарро, ки шарикии стратегӣ доранд, зикр намуд.
Дар қисмати дигари форум панели мубоҳисавӣ дар мавзуи «Диаспора ва муоширати байнифарҳангиву иртибот миёни наслҳо: мерос ва ояндаи умумӣ» доир шуд.
Баъд аз қисми расмии чорабинӣ донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои шаҳри Москва ҳозиринро бо фарҳангу санъати волои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуданд. Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо метавонад дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои манфиатбахш миёни донишҷӯёни тоҷик ва донишҷӯёни давлатҳои дигари иштирокдори ИДМ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз номи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба Ашрапова Сайёра - директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷик Сипоснома тақдим карда шуд.