Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Москва

21.03.2025 11:47

20 марти соли 2025 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода маросимро оғоз карда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик намуд. Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон иброз дошт, ки Қатъномаи қабулнамудаи СММ зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ин ҷашни бостонии ниёгон ҳамчун иди байналмилалӣ рӯзи 21 март бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар қаламрави бузурги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил мегардад.

Дар чорабинӣ сӯзаниҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон ва дигар намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон намоиш гардида, ба таваҷҷуҳи иштирокчиён наворҳои муаррифкунандаи Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ, инчунин барномаи фарҳангии театрӣ пешкаш гардид. Ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик ба ҳозирин фазои зебогӣ ва пурнишоти Наврӯзи фароҳам овард.

Ҳамзамон, меҳмонон бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла бо яке аз рамзҳои Наврӯз - "Ҳафт син ва Ҳафт шин" шинос гардиданд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg