Соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия овоздиҳӣ дар интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3447 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок намуданд.
Дар маъракаи сиёсӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси ватанхоҳӣ, маърифати баланди сиёсӣ ва дар фазои орому осуда ба ҷонибдории ҳизбҳои хостаи худ овоз доданд.