Интихоботи вакилони
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иқомат ва кору фаъолият мекунанд, мерасонад, ки рӯзи 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 18:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорат, воқеъ дар шаҳри Москва, стансияи метро Баррикадная, паскӯчаи Гранатний 13 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба ин муносибат, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, даъват менамоем, ки дар интихоботи мазкур иштирок намоянд. Инчунин, шаҳрвандони кишвар ҷиҳати иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.
Тел: 8(495) 690-41-86