Сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ба Русия

13.02.2025 16:51

12-13 феврали соли 2025 бо даъвати вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод.

Дар рафти сафар музокироти вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи маҳдуд ва васеъ роҷеъ ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин оид ба маосили амният муфассал муҳокима гардиданд.

Таваҷҷухи хоса ба иқдомоти ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои пурраи тавофуқоте, ки дар зимни музокироти сатҳи олӣ 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград ҳосил шуда буд, зоҳир карда шуд.

Мавзуи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират бо тамаркуз ба зарурати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, муфассал баррасӣ гардид.

Зимни музокирот дастгирии мутақобила дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Русия дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар абзорҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.

Аз натиҷаи гуфтушунидҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2026 ва Протоколи иловагии №2 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1999-ро имзо намуданд.

Музокирот дар фазои эътимод ва созанда, ки хоси муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мебошад, доир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg