Вохӯрӣ бо Сафири Чили

12.02.2025 16:56

12 феврали соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чили дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Эдуардо Эскобар мулоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ сарони намояндагиҳои дипломатӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чили дар самтҳои гуногун табодули афкор намуда, вазъият ва иқтидори мавҷудаи рушди муносибатҳои ду кишвар ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg