Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Россия бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД

07.02.2025 18:22

7 феврали соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат варзид.

Иштирокчиёни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи СААД муҳокима намуда, вазифаҳои асосии таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон бо ин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов низ иштирок намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg