Мулоқот бо Раиси Шӯрои соҳибкорони Россияву Тоҷикистон

04.02.2025 17:26

4 феврали соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Раиси Шӯрои соҳибкорони Россия ва Тоҷикистон Ислом Назаралиев баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Россия табодули афкор намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум доир шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg