3 феврали соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо сафирони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил С. Н. Лебедев низ ширкат варзид.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои хориҷии Россия С. Лавров самаранокии раёсати Федератсияи Россияро дар ИДМ дар соли 2024 ва дастгирии раёсати Тоҷикистон дар соли 2025 қайд намуд.
Зимни чорабинӣ фаъолияти муштарак дар соли 2024 дар формати ИДМ ҷамъбаст гардида, тадбирҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию-тиҷоратӣ, фарҳангию-гуманитарӣ, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.