Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва нигоҳубини ноболиғон

30.01.2025 12:39

29 январи соли 2025, кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ба мақсади аёдат аз Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва нигоҳубини ноболиғони (мақомоти васоят ва парасторӣ) “Алтуфево”-и шаҳри Москва боздид карданд.

Зимни боздид, кормандони Хадамоти консулии Сафорат бо роҳбарияти Марказ мулоқот анҷом дода, бо вазъи нигоҳубини тарбиятгирандагон шинос шуда, инчунин ба кӯдакони бепарастори муассиса тӯҳфаҳо ва маводи ғизоӣ тақдим намуданд.

Мувофиқи иттилои роҳбарияти Марказ, дар муассисаи мазкур зиёда аз 60 нафар ноболиғ, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳастанд, ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифташудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2024, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишвари иқомат 54 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздиконашон баргардонида шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg