Мулоқот дар Вазорати маорифи Россия

28.01.2025 17:54

28 января соли 2025 дар Вазорати маорифи Федератсияи Россия дар доираи сафари кории гурӯҳи кории байниидоравии оид ба беҳтар кардани вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолияти доранд, мулоқоти муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Шаҳноза Нодирӣ бо котиби давлатӣ - муовини вазири маорифи Федератсияи Россия Андрей Корнеев баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат мавзӯи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, инчунин оид ба сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот оид ба ҳалли мушкилоти масъалаи фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои қабул гардидан ба мактабҳои миёнаи Федератсияи Россия дучор мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гашт.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg