24 январи соли 2025 бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Раиси Шурои ҷамъиятии назди Сафорат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаи Шурои мазкур баргузор гардид.
Дар корӣ ҷаласа роҳбарияти Сафорат, консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим иштирок карданд.
Зимни суханронии хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.12.2024) дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон Раиси Шуро роҷеъ ба як қатор қарору қонунҳо дар бораи вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки соли гузашта дар Федератсияи Россия дар сатҳи федералӣ қабул гардида буданд, суханронӣ кард. Дар ин ҷода таъкид гардид, ки баъзе аз санадҳои зикршуда соли равон қувваи қонунӣ пайдо намуда, ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ таъсиррасон мебошанд. Аз ин рӯ аз намояндагиҳо ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ даъват ба амал оварда шуд, ки талаботи Фармони Президенти Федератсияи Россия таҳти №1126 аз 30.12.2024 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия вобаста ба татбиқи низоми ихроҷ” ва дигар навгониҳои ҷоришуда баҳри мусоидат ба ҳалли мушкилотҳои ҳамватанон, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчи зудтар гузаронида шавад.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатӣ ёдрас шуда, аз ҳамватанони муқими Россия изҳори хоҳиш намуд, ки баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб саҳмгузор бошанд.
Гузашта аз ин дар рафти ҷаласа ҳисоботҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар робита ба корҳои анҷомёфтаи соли 2024 дар ин самт шунида шуданд. Инчунин дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари хидматӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, даъват гардида, суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъол бошанд.
Ҷаласаи Шуро бо сарфарозгардонии фаъолони диаспораи тоҷикони муқими Россия ба сипосномаҳои Сафорат, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд, анҷом ёфт.