22 январи соли 2025 Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ дар бинои Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Москва таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар доираи он бахшида ба раёсати кишвар дар ин Иттиҳод брифинг баргузор гардид.
Дар рафти брифинг Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндаи ваколатдори кишвар дар Комиссияи зикршуда Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Гузашта аз ин, тарафҳо дар зимн беш аз даҳ масъалаи рӯзномаи ҷаласаро, ки самтҳои мухталифи равобити бисёрҷонибаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро танзим менамоянд, мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.