Вохӯрӣ бо Сафири Доминикан

17.01.2025 18:03

17 январи соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Доминикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Алехандро Ариас Сарсуэла мулоқот намуд.

Зимни гуфтушуниди сарони намояндагиҳои дипломатӣ масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Сафирон ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди имконоти мавҷудаи муносибатҳо, ҷиҳати ба сатҳи баландтар расондани ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан саъю кӯшиш ба харҷ дода, инчунин доир ба корҳои муштарак оид ба ташаббусҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg