Вохӯрӣ бо Сафири Колумбия

17.01.2025 17:51

17 январи соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Эктор Аренас ташриф овард.

Зимни мулоқот сарони намояндагиҳои дипломатӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар заминаи бисёрҷониба табодули афкор намуда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Колумбия тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg