Вохӯрӣ бо Сафири Словения

16.01.2025 21:20

16 январи соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари намояндагии дипломатии навтаъини Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Аленка Сухадолник мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва иқдомоти минбаъдаро, ки барои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Словения бояд андешида шаванд, баррасӣ карданд. Сарони намояндагиҳои дипломатӣ доир ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, тағирёбии иқлим, бахусус масъалаҳои об ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ матраҳ намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg